Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти роҳбарони аввали ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон


Роҳбарони аввали ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар нишасти назарие таҳти унвони «Проблемаҳои умумии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва нақши он дар таҳкими ҳуқуқи инсон» роҳҳои расидагӣ ба мушкилоти муштаракро баррасӣ карданд. Дар ин ҳамоиш дар шаҳри Душанбе сарони Суди Олии Тоҷикистон, Додситонии кул, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии мубориза бо фасод ширкат карданд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки ин нишасти ҷанбаи илмии назариявӣ дошта, ба ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти қудратии ҳифзи ҳуқуқ ва такмили роҳу усулҳои муосири касбӣ равона шудааст.
XS
SM
MD
LG