Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон барои таъмини шаффофияти интихоботҳо рӯйихатти ягонаи интихобкунандагон таҳия мешавад.

Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бо пешниҳоди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар пайи таҳияи Феҳрасти ягонаи интихобкунандагон пардохтааст. Гуфта мешавад, ҳадаф аз он таъмини шафофият ва қонунмандӣ дар интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон аст. Дар гузашта рӯйихатҳои номукаммал, такроршуда ва номуайяни қитъаҳои раъйдиҳӣ борҳо сабаби эътироз ва хилофкориҳо шудааст.

Аммо тартиб додани чунин феҳрасти ягона ва умумӣ кори саҳл набуда, тақрибан монанди маъракаи саршумории аҳолӣ аксари ниҳодҳои муҳими кишвар, шурӯъ аз Вазорати умури дохилӣ то Вазорати тандурустӣ ҷалб карда мешавад. Ва гузашта аз ин маблағи калон лозим меояд, аммо то кунун ҳеҷ созмоне аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо изҳори омодагӣ барои расондани кӯмакии молиро накардааст. Бо вуҷуди маълумоти умумӣ дар бораи теъдод ва маҳалли зисти интихобкунандагон дар Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон кишвар то ҳол чунин як феҳрасти ягонаи фарогирро надошт.

Сухангӯи ин кумиссюн Раҳмоналӣ Мирализода мегуяд, барои омода сохтани ин феҳраст "ҳамаи сохторҳои давлатие, ки дар бораи шаҳрвандон маълумот доранду маълумот пешниҳод карда метавонанд, ҷалб карда хоҳанд шуд. Оҷонсии омор, идораҳои сабту қайди шаҳрвандон ва паспортдиҳӣ, вазоратҳои тандурустӣ, адлия -- ҳама саҳм мегиранд.»

Рӯйхатти пароканда...

Ҷалолиддини Маҳмуд

Ҷалолиддини Маҳмуд

Тавре намояндагони Кумисюни маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯянд, ки пас аз шуруъи амалии саршумории афроди раъйдиҳанда маълум нахоҳад буд, ки дар чӣ мӯҳлате ин иқдом ба анҷом мерасад. Аммо то интихоботи президентии Тоҷикистон дар соли 2013 тартиб додани чунин руйхати ягона ҳам аз лиҳози молӣ ва ҳам фаннӣ имконпазир нахоҳад буд. Зарурати чунин маълумотномаи мушаххасро на танҳо дастандаркорони интихоботу раъйпурсиҳо, балки намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишвар низ таъкид мекунанд.

Намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Кумиссюни марказии интихобот Ҷалолиддини Маҳмуд, ки дар баҳси мазкур оид ба тартиб додани феҳрасти ягона ширкат дошт, мегӯяд, воқеан доштани чунин рӯйхат барои шаффофияти назорати ба интихобот муҳим аст: «Бисёриҳо қабл аз интихобот аз Тоҷикистон берун мераванд, баъзеҳо шояд дар остонаи интихобот тоза ба синни раъйдиҳӣ мерасанд, шояд баъзеҳо дармегузаранд, яъне ҳоло ҳамчунин як рӯйхати дақиқ дар дасти кумиссюн ва масъулони минтақаҳои раъйдиҳӣ мавҷуд нест. Ҳоло бо рӯйхатти пароканда кор мекунанд.»

Дар ҳоли ҳозир теъдоди афроди қобили раъйи Тоҷикистон 3 миллиону 700 ҳазор нафар нишон дода мешавад. Ба қавли Ҷалолиддини Маҳмуд, феҳраст танҳо як рӯйхатти ному насаби раъйдиҳандаҳо дар коғаз набуда, балки вариантҳои интернетии он ҳам омода хоҳад шуд. Вақте раъйдиҳанда вориди сомона мешавад, бояд бидонад, ки ӯ дар қайди куҷост ва дар кадом минтақа бояд овоз диҳад. Ва аз тарафи дигар барои созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам барои аҳзоби сиёсӣ имкон медиҳад, ки ҷараёни ширкати раъйдиҳандаҳоро дақиқан назорат кунанд.

"Тақаллуб набошад, фишор набошад..."

Шодӣ Шабдолов

Шодӣ Шабдолов

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таҳияи чунин руйхати ягонаро бисёр муҳим медонад. Вай мегӯяд, ки дар интихоботҳо гоҳҳо наврасонни қоматбаланд дар даст варақаи раъй ба ҳавзаҳо меоянд, аммо дар асл синнашон ба ҳаққи раъй нарасидааст: «Баъзе наврасҳо аз ҷавонони 30-сола бузбалатар аст. Баъзеҳо дар рӯзҳои овоздиҳӣ ба ҷои чанд нафари дигар раъй медиҳанд. Албатта, рӯйхатти ягона лозм аст, вале бояд шароитро ончунон фароҳам кард, ки дар ҷараёни интихобот тақаллуб набошад, фишор набошад, то ин ки раъйдиҳанда озодона тавонад, раъйи худро диҳад.»

Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ҳоле пешниҳоди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро дар мавриди ин феҳрасти ягонаи афроди қобили раъй пазируфтааст, ки ин созмони байнулмилалӣ борҳо интихоботҳои Тоҷикистонро ношаффоф ва ғайридемократӣ ҳисобид. Он аз ҷумла интихоботи порлумонии соли 2010-ро мувофиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ надониста буд. Дар иваз Тоҷикистон ин баҳогузориро напазируфта ва интихоботҳои кишварро ҳамеша "шаффофу одилона" номидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG