Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Guardian: "Башор Асад аз Эрон машварат мегирифт"


Башор Асад бо ҳамсараш Асмо
Башор Асад бо ҳамсараш Асмо

Рӯзномаи Guardian дар гузорише аз муҳтавои "чанд ҳазор" имейли хусусии раисиҷумҳури Сурия ва ҳамсараш хабар дод.

Ин рӯзномаи бритониёӣ мегӯяд, имейлҳо машварат гирифтани ҳукумати Сурия аз Ҷумҳурии исломии Эрон барои саркӯби эътирозгаронро ифшо мекунад.

Guardian дар шумораи рӯзи панҷшанбеи худ ба нақл аз фаъолони зиддиҳукматии Сурия ба муҳтавои беш аз се ҳазор имейл пардохтааст, ки аз мукотиботи хусусии Башор Асад ва ҳамсараш Асмо гирифта шудааст. Аъзои Шӯрои олии инқилоби Сурия, ки алайҳи ҳукумати хонаводаи Асад фаъолият мекунад, ин маҷмӯаи мукотиботи интернетиро аз моҳи июни соли гузашта то аввали моҳи феврали соли ҷорӣ зери назар доштаанд.

Рӯзномаи Guardian мегӯяд, барои таъйиди дурустии мӯҳтавои ин имейлҳо бо даҳ нафар тамос гирифтааст, ки ба номашон дар ин имейлҳо ишора рафтааст. Бино бар гузориши ихтисосии ин рӯзнома, ки дуруст дар рӯзи солгарди оғози эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Сурия ба чоп расидааст, раисиҷумҳур Башор Асад дар чанд маврид бо ё бевосита аз Ҷумҳурии исломии Эрон машварат гирифтааст.

Guardian дар як маврид ба суханронии Башор Асад дар моҳи декабри соли гузашта ишора мекунад, ки дар бораи мавзӯъҳои он, ба гуфтаи мушовири расонаии ӯ, бо чандин нафар, аз ҷумла мушовири сиёсии сафири Эрон дар Сурия машварат шудааст.

Аз ҳамон моҳҳои аввали эътирозҳо бар зидди ҳукумати Асад дар Димишқ кишварҳои ғарбӣ Теҳронро муттаҳам
карданд, ки ба Сурия дар саркӯби мардуми худ кӯмак мекунад. Дар ҳоле ки ин иттиҳом дар як соли гузашта чандин бор такрор шуд ва ҳатто мӯътароизон дар Сурия аз ҳузури нерӯҳои эронӣ дар миёни нерӯҳои Сурия хабар доданд, Теҳрон ҳамвора ин иттиҳомро рад кардааст.

Дар имейлҳои марбут ба сафири Эрон, ба Башор Асад тавсия шудааст, ки дар суханронии худ лаҳне ҳокӣ аз "қудрат ва хушунат" барад ва ба ҳимояти кишварҳои дӯст ишоар намояд. Дар ин имейл ҳамчунин ба Асад тавсия шудаааст, ки ҳукумат бояд иттилои марбут ба тавоноиҳои низомии худро бештар нашр кунад.

Дар маҷмӯаи номаҳои ифшошудаи хонаводаи Башор Асад ба номи Ҳусейн Муртазавӣ, бозаргони обрӯманди лубнонӣ, ки ба гуфтаи Guardian бо Эрон иртиботи қавӣ дорад, низ ишора рафтааст.
XS
SM
MD
LG