Пайвандҳои дастрасӣ

Ниҳоди интихоботии Тоҷикистон аз САҲА кӯмак мехоҳад


Кумиссиюни марказии интихоботии Тоҷикистон аз САҲА хостааст, ки дар таҳияи феҳристи ягонаи интихобкунандагони ин кишвар кӯмак кунад. Намояндагони САҲА дар посух гуфтаанд, ки ин дархости Тоҷикистон омӯхта мешавад ва ба он ҷавоб медиҳанд. Раиси Кумиссиюни марказии интихоботии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар таҳияи ин феҳрист пул ва васоили зиёди техникӣ зарур аст. Интихоботи ояндаи Тоҷикистон соли 2013 баргузор мешавад ва дар он мардуми кишвар барои 7 сол раиси ҷумҳур интихоб мекунанд.
XS
SM
MD
LG