Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар урдугоҳи Сафеддара, 60-километрии шимоли Душанбе, мусобиқаи ҷумҳуриявии лижаронии кӯҳӣ баргузор шуд.

Ба иттилои Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон дар ин мусобиқа 60 лижарон ширкат кард.

Дар сабқати бузургсолон Баҳриддин Ғоибов ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Камолиддини Низом мақоми дувум ва Наврӯз Мардонов мақоми севумро касб карданд.

Дар сабқати ҷавонон Ҷовиди Каромиддин ғолиб шуд. Амриддин Ятимов дар ҷойи дувум ва Айниддини Шарофиддин дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Сабқати наврасон бо ғалабаи Соҳибназари Турсунмурод хотима ёфт. Ҷомии Каромиддин дувум ва Қадриддин Ятимов севум шуданд.

Миёни хурдсолон Маҳмудҷон Эшонов ғолиб омад. Дилшоди Миралӣ ҷойи дувум ва Ҷаҳонгири Каромиддин ҷойи севумро касб карданд.

Дар байни кӯдакон Баракати Шамсулло пирӯз гардид. Саидашраф Эшонов дар ҷойи дувум ва Сайфиддини Низом дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Ғолибони мусобиқа бо медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG