Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси пулис барои даргузашти боздоштшуда барканор шуд


Рашид Нургалиев

Рашид Нургалиев

Рашид Нургалиев-вазири корҳои дохилаи Русия раиси пулиси яке аз шӯъбаҳои шаҳри Қазонро аз мақомаш барканор кард. Афсарони пулиси ин шаҳр баъд аз боздошти Сергей Назарови 52 сола дар зиндон ба нишемани вай бутилка задаанд ва вай аз ин ҷароҳат даргузаштааст. Ин ҷиноят хашму ғазаби мардум ва мудофеони ҳуқуқи башарро барангехт ва онҳо тақозо карданд, ки раиси пулиси ҷумҳурии Тотористон аз мақом барканор шавад. Нургалиев раиси пулиси шӯъбаи Далнийро барканор кард. Вазири корҳои дохилаи Русия мегӯяд, вай ба Асгат Сафаров-вазири корҳои Тотористон низ танбеҳ ё виговор эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG