Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари минтақаии Чинро аз мақом барканор карданд


Бо Силай

Бо Силай

Xinhua-хабаргузории давлатии Чин иттилоъ додааст, ки Бо Силай-роаҳбари нируманди яке аз минтақаҳои ин кишвар аз мақомаш барканор шудааст. Бино ба гузоришҳо, яке аз дӯстони вай талош кардааст ба Амрико фирор кунад. Силай раҳбари Ҳизби Кумунисти Чин дар шаҳри ҷануби ғарбии Чонгквинг будааст. Дар бораи сабаби барканории Силай хабар надодаанд. Вай бо мавзеъгириҳои зидди ришвахориаш машҳур шуда буд ва яке аз довталабони узвият дар Бюрои сиёсии Ҳизби кумунисти Чин буд. Интизор мерафт, ки дар поёни ҳамин сол вайро ба узвият пазиранд. Ванг Лиҷун дӯсти Силай раиси пулис буд ва бар зидди ришвахорӣ дар Чонгквинг мубориза мекард. Бино ба гузоришҳо, Лиҷун моҳи гузашта ба консулгарии Амрико рафтааст ва аз Амрико паноҳандагӣ хостааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG