Пайвандҳои дастрасӣ

Дар солгарди нооромӣ хушунат дар Сурия идома дорад


Хушунату тирандозиҳо дар рӯзи солгарди оғози тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди режими Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия идома дорад. Бино ба гузоришҳо, нируҳои ҳукуматӣ бо ҳимояти техникаи зиреҳдори низомӣ рӯзи панҷшанбе ҳамла ба Идлибро идома доданд ва баъзе маҳаллотро шадидан ба оташ кашиданд. Фаъолон аз қавли шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки шаби гузашта дар саросари кишвар 40 нафар кушта шудаанд. Рӯзи панҷшанбе дар вилояти Даръо бар зидди режим тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шуд. Бино ба маълумоти тақрибии СММ, дар як соли нооромӣ дар Сурия бештар аз 8 000 нафар кушта шудаанд ва 230 000 нафар беҷо шудаанд.
XS
SM
MD
LG