Пайвандҳои дастрасӣ

"Тоҷикистандарт" аз тавлидкунандагони маҳсулоти гӯштӣ хостааст, то дар болои маҳсулоташон "ҳалол" нанависанд.

Мирзохон Каримов, мудири озмоишгоҳи корхонаи гӯшту консерваи шаҳри Душанбе мегӯяд, ин корхона ҳасибу маҳсулоти ҳалоли гӯштӣ тавлид мекунад, ки ҳамагӣ аз “гӯшти дасткуш”-анд. Аммо, ӯ мегӯяд, Оҷонсии "Тоҷикстандарт" аз онҳо хостааст, ки сар аз якуми апрел навиштаҷоти “ҳалол”-ро аз борҷомаи ҳасибҳо берун кунанд.

Ҷаноби Каримов дар ҳимоят аз наҳваи тавлиди маҳсулоти гӯштӣ дар корхонаи худ гуфт, "комбинати мо кушторхона (кушишхона) дорад, ки дар он мо говҳоро бо даст забҳ мекунем ва гӯшти онро барои ҳасиби ҳалол истифода мебарем. Қиммаҳои мурғиро низ аз Туркия ворид мекунем, ки мутобиқ ба талаботи стандарти "ҳалол" ҳастанд."

Масъулони Оҷонсии "Тоҷикстандарт" ба ин назаранд, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз меъёри тавлиди маҳсулоти "ҳалол" вуҷуд надорад ва тавлидкунандагони ҳасибу маҳсулоти дигари гӯштӣ танҳо ба хотири “дасткуш” будани гӯшти ҳайвону паррандаҳо ба он тамғаи “ҳалол”-ро мезананд.

Исмоншо Султонов

Исмоншо Султонов

Исмоншо Султонов, сардори шӯъбаи назорати давлатӣ дар "Тоҷикстандарт" мегӯяд, то таҳияи меъёри тавлиди маҳсулоти “ҳалол”, ки шурӯъ аз таркиби маҳсулот то шароити тавлидро муқаррар хоҳад кард, тавлидкунандагон бояд аз истифодаи навиштаҷоти "ҳалол" худдорӣ кунанд: "Дар Тоҷикистон стандарти "ҳалол" ҷорӣ ва баъдан талаботи ин сатандарт барои тавлидкунандагон ҳатмӣ мегардад. Дар ду моҳи соли ҷорӣ кормандони "Тоҷикстандарт" 377 намунаи маҳсулоти ҳасибиро мавриди ташхис қарор дода, чанд намунаи онро ғайристандартӣ унвон карданд. Аз ин маҳсулоти ғайристандартӣ қисме барои коркарди такрорӣ ва қисми дигар барои ғизои чорво ва нобудсозӣ фиристода шуд."

Сокинони Тоҷикистон, ки қишри бебизоати он беш аз 40 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад, имкони харидории гӯшти чаҳорпо ва паррандаро надорад ва бинобар ин талаботи худро ба маҳсулоти гӯштӣ аз ҳисоби ҳасибҳои арзон ҷуброн мекунанд. Як кило гӯшт дар Тоҷикистон аз 25 то 30 сомонӣ қимат дорад, ки барои аксари мардум дастрас нест. Бо ин маблағ мешавад 3 кило ҳасиб харидорӣ кард.

Мирзохон Каримов

Мирзохон Каримов

Бо он ки мардум ба ҳалол будани ин маҳсулот бовар надоранд ё камтар бовар мекунанд, вале дар аксар маврид ба навиштаҷоти “ҳалол” худро таскин медиҳанд.

Назари чанде аз сокинони Душанбе:

-"Ман чунин ҳасибҳоро истеъмол намекунам, чунки ба ҳалол будани онҳо шубҳа дорам. Паёмбарамон дар ҳадисе гуфтаанд, "ҳар касе, ки ба шубҳа афтод, ба ҳаром меафтад."

-"Ин ҳасибҳое, ки дар пушташон ҳалол навишта шудааст, як килояш 8-10 сомонӣ қимат дорад. Аз ин рӯ бовар надорам, ки дар таркиби онҳо гӯшти ҳақиқӣ бошад..."

Мақомоти "Тоҷикстандарт" мегӯянд, танҳо дар корхонаҳои тавлиди маҳсулоти гӯштии пойтахт то 155 навъи ҳасиб истеҳсол мешавад. Дар баробари ин, корхонаҳои бешумори хусусӣ вуҷуд доранд, ки маҳсулоти гӯштиро маъмулан дар манзилҳои худ тавлид мекунанд. Ба қавли масъулони "Тоҷикстандарт", солҳои ахир дар заминаи шикояти сокинон маҳсулоти бесифати чандин корхонаҳои истеҳсоли маводи гӯштӣ аз бозор бардошта шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG