Пайвандҳои дастрасӣ

Шоҳиён аз САҲА кӯмаки моливу техникӣ дархост кард


Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон

Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз САҲА дархости кӯмаки молӣ ва техникӣ кардааст.

Ин кӯмакҳоро Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон барои "ташкили рӯйхат (феҳрист)-и ягонаи интихобкунандагон дар саросари ҷумҳурӣ" муҳим донистааст.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ сухангӯи Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ Раҳмоналӣ Мирализода хабар дод. Ӯ гуфт, ин дархост дар ҷараёни баргузории нишасте дар мавзӯи "Аҳолӣ ва ба қайдгирии интихобкунандагон" дар Душанбе баён шудааст.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфтааст, барои ба қайдгирии теъдоди дақиқи аҳолии қобили раъй тамоми ниҳодҳои давлатӣ бояд сафарбар шаванд, ки ҳар кадоме аз онҳо ба дастгирии молӣ ва техникӣ ниёз доранд.

Раҳмоналӣ Мирализода мегӯяд, тарҳи дархости кӯмаки молӣ ва техникӣ ба дафтари САҲА дар Душанбе пешниҳод карда, аммо то ҳол посухе дарёфт нанамудаанд.

Намояндагони САҲА дар Душанбе гуфтаанд, тарҳи дархости кӯмаки Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро ба зудӣ баррасӣ карда, баъдан ҷавобашонро ироа хоҳанд кард, ки дарвоқеъ кӯмак мекунанд ё хайр.

Ин дархости Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз САҲА дар ҳолест, ки ин созмон борҳо интихоботҳои Тоҷикистонро ношаффоф ва ғайридемократӣ унвон кардааст. Аз ҷумла, ин созмон интихоботи порлумонии соли 2010-ро мувофиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ надониста буд. Ҳарчанд давлати Тоҷикистон ин баҳогузориро напазируфта ва интихоботҳои кишварро "шаффофу одилона" номиданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG