Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занон ва соҳибкорӣ. Тоҷикистон дар паҳлуи Уганда


Маҷаллаи "The Economist" пажӯҳиши худро дар бораи "Имкониятҳои иқтисодии занон дар соли 2012" интишор дод.

Бино ба пажӯҳиши ин маҷаллаи бонуфуз, Тоҷикистон аз ҷиҳати имкониятҳои иқтисодӣ барои занон бо 41,5 бал (хол) дар ҷои 100-ум дар миёни ду давлати қашшоқи африқоӣ -- Самоа ва Уганда қарор гирифтааст. Тибқи ин раддабандӣ дар миёни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Тоҷикистон дар мақоми қабл аз охир, пеш аз Туркманистон қарор дорад.

Давлатҳои Шветсия, Норвегия ва Финландия дар ин раддабандӣ се ҷои аввалро ба худ ихтисос додаанд. Мутахассисони "The Economist" дар асоси муқосисаи қонунҳо, фарҳанг, анъанаҳо ва тарзи зиндагӣ вазъи занонро дар кишварҳои ҷаҳон тақсимбандӣ карда, ба ҳар як кишвар аз сифр то 100 бал (хол) баҳогузорӣ кардаанд.

Аз ҷиҳати сатҳи даромади занон низ Тоҷикистон дар қатори кишварҳои даромаднокиашон "хеле паст", ки солона аз 975 доллар камтар даромад доранд, ҷой дода шуда, пас аз Камбоҷа қарор дорад. Тибқи ин раддабандӣ Тоҷикистон аз ҷиҳати даромаднокии занон аз ҳамаи давлатҳои ИДМ қафотар меистад.

Гулбаҳор Маҳкамова
Гулбаҳор Маҳкамова
Ин дар ҳолест, ки Анҷумани занони соҳибкори Тоҷикистон озмуни беҳтарин зани соҳибкор "Фараҳ-2012"-ро эълон намуд. Гулбаҳор Маҳкамова, раиси Анҷумани занони соҳибкори Тоҷикистон ҳадаф аз гузаронидани ин озмунро "густариши соҳибкорӣ дар байни занон" номид. Вай гуфт, "бо гузаронидани ин озмун мехоҳем занони соҳибкореро, ки метавонанд барои дигарон намунаи ибрат бошанд, муайян кунем. То дигарон низ аз пайи онҳо рафта, дар бахши соҳибкорӣ муваффақ шаванд."

Сабқат миёни занони соҳибкор аз рӯи "соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ", "косибӣ", зебоӣ, мӯд ва дизайн, оғози бомуваффақияти соҳибкорӣ ё худ "start up" гузаронида мешавад. Ин озмун моҳи сентябри соли ҷорӣ ҷамъбаст хоҳад шуд.

Муҳаббат Нозимова, яке аз кормандони Анҷумани занони соҳибкор мегӯяд, занҳо низ мисли ҳама дар пешбурди соҳибкорӣ ба як қатор мушкилиҳо дучор мешаванд. "Албатта, муваффақияти ҳар як зани соҳибкор аз худаш низ вобаста аст. Вале ҳоло на ҳамаи қонунҳо барои пешбурди соҳибкорӣ мусоидат мекунанд. Ҳоло тарҳи нави Кодекси андоз мавриди баҳсу таҳрир қарор дорад ва мо умед дорем, ки пас аз қабули Кодекси нав шароит барои пешбурди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон беҳтар хоҳад шуд",-гуфт ӯ.

Хонум Нозимова афзуд, занони соҳибкор ба як барномаи давлатии махсусе, ки онҳоро ҳимоят кунад, ниёз доранд. Зеро ба гуфтаи ӯ, бисёр омилҳое ҳастанд, ки ба пешбурди тиҷорати онҳо монеа эҷод мекунад.
XS
SM
MD
LG