Пайвандҳои дастрасӣ

Арабистони саудӣ сафораташ дар Сурияро баст


Яке аз хиёбонҳои шаҳри Растани канори Ҳумс

Яке аз хиёбонҳои шаҳри Растани канори Ҳумс

Арабистони саудӣ сафораташ дар Сурияро баст ва ҳама дипломатҳояшро ба ватан хонд. Вазорати умури хориҷии кишвар ин тасмимро "бо ҳаводиси феълӣ", манзур, идомаи хушунат дар Сурия бастагӣ дод.

Аз ин пеш Арабистони саудӣ чанд бор талаб карда буд, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба хотири хатми хушунат алайҳи Димишқ аз чораҳои шадид кор бигирад ва мухолифини Башор Асад бо силоҳ таъмин карда шаванд.

Бар пояи як хабари дигар, нерӯҳои ҳукуматии Сурия барои таҳти назорат гирифтани шаҳри Даръо, яке аз марказҳои муқовимати мухолифин дар ҷануби кишвар, талош доранд. Аз ин пештар ду такягоҳи мухолифин – шаҳрҳои Ҳумс ва Идлиб дар ихтиёри нерӯҳои вафодор ба Башор Асад қарор гирифтанд.

Ба иттилои СММ ва Созмони Ҳилоли Аҳмари Сурия, тайи як соли бенизомиву даргириҳо дар Сурия 8 ҳазор нафар кушта шуда, тақрибан 30 нафар кишварро тарк намудаанд.
XS
SM
MD
LG