Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои ҳукуматӣ талоши забти Даръоро доранд


Нерӯҳои ҳукуматии Сурия барои таҳти назорат гирифтани шаҳри Даръо, яке аз марказҳои муқовимати мухолифин дар ҷануби кишвар, талош доранд. Ба иттилои шоҳидон, сӯи шаҳр аз тӯпхона ва минометҳо оташ кушода мешавад.

Аз ин пештар ду такягоҳи мухолифин – шаҳрҳои Ҳумс ва Идлиб дар ихтиёри нерӯҳои вафодор ба Башор Асад қарор гирифтанд. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, рӯзи чаҳоршанбе дар бархӯрдҳо дар манотиқи гуногуни Сурия беш а3 40 нафар кушта шудаанд. Ва аммо ин иттилоъ аз сӯи дигар манбаъҳо тайид нашудааст.

Ба иттилои СММ ва Созмони Ҳилоли Аҳмари Сурия, тайи як соли бенизомиву даргириҳо дар Сурия 8 ҳазор нафар кушта шуда, тақрибан 30 нафар кишварро тарк намудаанд.

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дирӯз эълом дошт, ки дахолати хориҷӣ ба умури Сурия боиси ҷанги шаҳрвандӣ ва талафоти бештар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG