Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус, аз афв кардани Дмитрий Коновалов ва Владислав Ковалев, ки барои ҳамлаи террористӣ дар метрои Минск маҳкум ба қатл шудаанд, сарпечӣ намуд. Дар ин бора телевизиони Белорус хабар дод.

Бар пояи хабарҳо, фақат яке яке аз маҳкумшудагон Владислав Ковалев аз раисиҷумҳур дархости авф карда буд. Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи башар ба норӯшаниҳо дар парвандаи таркиш дар метро ишора карда, хостори тафтиши иловагӣ шуда буданд.

Бар асари таркиш дар як истгоҳи метрои шаҳри Минск рӯзи 11 апрели соли гузашта 15 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 200 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG