Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарнигорон ба маҳбаси давлатӣ интиқол ёфтанд


Ду хабарнигори бритониёвӣ, ки аз сӯи шибҳанизомиёни Либия бо гумони ҷосусӣ боздошт шудаанд, ахиран ба маҳбаси давлатӣ интиқол ёфтанд. Дар ин бора муовини вазири умури дохилии Либия Умар ал-Ҳадравӣ хабар дод.

Николас Дэвис-Ҷонс и Ҳарет Монтгомери-Ҷонсон, ки барои шабакаи англисзабони телевизиони Эрон Press TV кор мекунанд, рӯзи 22 феврал аз сӯи шибҳанизомиёне, ки дар суқути Муаммар Қаззофӣ ширкат доштанд, бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир шуданд. Баъдан онҳоро дар ҷосусӣ айбдор намуданд.

Рӯзи сешанбе наворе нашр шуд, ки дар он хабарнигорон барои умури ғайриқонунии марз узрхоҳӣ мекарданд. Дар мавриди ҷосусӣ дар он навор ҳарфе набуд.
XS
SM
MD
LG