Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Челси" ва "Реал" - дар чаҳорфинали Лигаи чемпионҳо


Ду даста – “Челси”-и Лондон ва “Реал”-и Мадрид ба даври чаҳорфиналии Лигаи чемпионҳо оид ба футбол роҳ ёфтанд.

Дирӯз “Челси” дар майдони худ аз болои дастаи “Наполи”-и Италия бо ҳисоби 4 бар 1 пирӯз шуд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 3 бар як ба нафъи "Челси" анҷом ёфт ва аммо чун "Наполи" ҳам дар майдони худ "Челси"-ро бо ҳамин ҳисоб шикаст дода буд, барои муқаррар крадани ғолиб вақти изофагӣ дода шуд. “Челси” ба задани голи чаҳорум муваффақ гардид.

Дастаи "Реал"-и Мадрид ҳам дар майдони худ бо ҳамин ҳисоб 4 бар 1 дастаи ТСКА-И Маскавро шикаст дод. Бозии аввали онҳо дар Маскав мусовӣ - бо ҳисоби як бар як анҷом ёфта буд.
XS
SM
MD
LG