Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд,ки имрӯз ҳавои шаҳри Душанбе абрист, борон меборад, то 13 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои соф пешбинӣ шудааст ва аммо шомгоҳон шояд борон борад, ҳарорати ҳаво то 14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ рӯзона ҳаво соф ва аммо баъд аз зӯҳр боронӣ мешавад, ҳарорат то 20 дараҷа боло меравад.Дар шаҳри Хоруғ ҳаво абрист,шом борон меборад, ҳаво то 3 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар аксар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ имрӯз ҳавои абрӣ дар назар аст, дар баъзе мавзеъҳои водии Ҳисор ва Рашт борон меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо то 8 дараҷа гарм ва дар кӯҳистон то 1 дараҷа сард хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG