Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Обама аз Камерон дар Кохи Сафед


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама сарвазири Бритониё Девид Камеронро дар Кохи Сафед бо 19 салют пешвоз гирифт. Музокироти якрӯза дар Кохи Сафед бахше аз сафари давлатии Камерон ба Амрикост. Ӯ гуфт, Амрикову Бритониё “барои озодӣ ва мушорикат” аз як гиребон сар баровардаанд. Обама иттиҳоди ду кишварро “бебадал” ва яке аз бузургтарин эътилофҳои дунё хонд. Қарор аст, ду раҳбар масоили мухталиф, аз ҷумла буҳрони Сурия, баҳси ҳастаӣ бо Эрон ва вазъи Афғонистонро баҳс кунанд. Шоми имрӯз ба шарафи Камерон ва ҳамсараш Саманта дар Кохи Сафед хӯроки шом низ хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG