Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод аз ҳимояти порлумони Эрон маҳрум шуд


Маҳмуди Аҳмадинажод зимни посух гуфтан ба пурсишҳои вакилони порлумон.
Маҳмуди Аҳмадинажод зимни посух гуфтан ба пурсишҳои вакилони порлумон.

Порлумони Эрон президенти ин кишварро Маҳмуди Аҳмаднажодро зери саволборони шадид қарор дод.

Вакилони порлумон раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва ҳукумати ӯро айбдор карданд, ки натавонистааст, иқтисодиёти кишварро идора кунад ва ҳам аз дастурҳои раҳбари олии кишвар оятуллоҳ Алии Хоманаӣ сарпечӣ кардааст. Дар ҷавоб Аҳмадинажод феҳрати тӯлонии танқидҳои вакилонро напазируфт ва гоҳе ба суолҳои онҳо бо лаҳни тамасхуромез посух дод.

Аҳмадинажод дар таърихи Эрон аз соли 1979 ба ин сӯ аввалин раисиҷумҳур аст, ки барои пурсиш ба порлумон даъват шуд ва ин даъват як зарбаи ҷиддие ба эътибори ӯ шумурда мешавад. Қонуни асосии Эрон ба порлумон ҳақ медиҳад, раисиҷумҳурро мавриди пурсуҷӯйи вакилон қарор диҳад, аммо бо сабаби он ки ин иқдом боиси обрӯйрезии раисиҷумҳур мешавад, ҳаргиз аз он истифода сурат нагирифтааст. Бино ба қонуни асосии Эрон дар ҳоли ноқаноатмандӣ аз посухҳои раисҷумҳур намояндагони маҷлис метавонанд масъалаи барканории ӯро дар миён гузоранд. "Даъвати Аҳмадинажод ба ин пурсиш ба маънои он аст, ки агар то ҳоло порлумон аз ӯ ҳимоят мекард, ин пуштибонӣ аз байн рафтааст," -- мегӯяд Муҳаммадтақии Раҳбар, узви порлумони Эрон.

Раҳбар, ки вакили усулгарост, низ пурсишҳоеро дар назди раисиҷумҳур Аҳмадинажод гузошт. Вакили дигари муҳофизакор Алии Мутаҳҳарӣ, ки аз мунтақидони Аҳмадинажод ба шумор меравад, даҳ суолро ба раисҷумҳур пешкаш намуд. Яке аз суолҳо ба мухолифати 11-рӯзаи Аҳмадинажод ба таъйини дубораи Ҳайдар Муслиҳӣ дар мансаби раиси иктишоф иртибот дошт. Моҳи апрели соли гузашта Аҳмадинажод ӯро аз кор барканор намуд, вале оятуллоҳ Алии Хоманаӣ талаб кард, ки Муслиҳиро дар вазифааш барқарор кунанд.

Чанд суоли дигари вакилони мардумӣ ба иқтисодиёту иҷтимомиёт ва ба хусус вазъи мардуми камбизоат рабт дошт. Дар бисёри ҳолатҳо президенти Эрон аз додани посухи мустақим ба суол сар мепечиду мегуфт, ки ӯ аз таърихи Эрон пуштибонӣ мекунад ва аз кардааш пушаймон нест.

Президент Аҳмадинажод дар поёни ҷаласа каме шӯхӣ кард, вале намояндагони мардумӣ ҳазлҳои ӯро напазируфтанд. Вай гуфт, миехоҳад латифаеро нақл кунад, аммо вакилон гуфтанд, порлумон ҷои латифагӯӣ нест. Вакили маҷлис Қудратуллоҳ Алии Хонӣ гуфт, қадами баъдии аъзои маҷлис эълони нобоварӣ ба Аҳмадинажод аст.

Вазъи нави сиёсӣ дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки дар интихоботи 2-юми марти Эрон номзадҳои наздик ба Аҳмадинажод шикаст хӯрданд ва усулгароёни тарафдори раҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ аксарияти 290 курсии порлумонро ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG