Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулияти ҳамларо Ал-Шабоб ба дӯш гирифт


Масъулияти ҳамлаи маргталабона дар дохили Кохи раёсатҷумҳурии Сомалӣ дар пойтахташ - Могадишуро Ал-Шабоб, як гурӯҳи марбут ба Ал-Қоида бар ӯҳда гирифт. Дар ин таркиш дастикам 3 нафар кушта шуданд. Маҳалли будубоши раисиҷумҳури Сомалӣ Шариф Шайх Аҳмад баъди таркиш ҳанӯз маълум нест. Ал-Шабоб чанд сол боз алайҳи давлати Сомалӣ, ки таҳти ҳимояти Ғарб ва 10 000 сарбози ҳомии сулҳи Иттиҳоди давлатҳои Африқо қарор дорад, меҷангад.
XS
SM
MD
LG