Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 22 гумонбар ба таҳияи ҳамлаҳо дар Боку


Мақомоти Озарбойҷон мегӯянд, 22 нафарро бо гумони таҳияи ҳамлаҳои террористӣ алайҳи сафоратҳои Амрикову Исроил дар Боку дастгир кардаанд. Вазорати амнияти миллӣ гуфт, тамоми гумонбарон атбоъи Озарбойҷон буда, бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон робита доштаанд. Аз аъзои ин гурӯҳ мусалсалҳои АК-47 ва силоҳу муҳимоти дигар мусодира шудааст. Нашри хабари ахир дар ҳолест, ки Эрону Озарбойҷон ахиран ба ҳифзи равобити ҳасана тааҳҳуд супурданд. Вазири дифоъи Озарбойҷон Сафар Абиев рӯзҳои 11 ва 12 март аз Теҳрон боздид карда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG