Пайвандҳои дастрасӣ

Ситораи харобаҳо дар кӯшкҳои Ҳолливуд


Хонаводаи Рубина Алӣ Қурайшӣ ҳини тамошои маросими тақсими ҷоизаҳои Оскар (феврали соли 2009).

Хонаводаи Рубина Алӣ Қурайшӣ ҳини тамошои маросими тақсими ҷоизаҳои Оскар (феврали соли 2009).

Духтари ҳиндӣ бо ҳунарнамоияш дар филми “Миллионер аз вайрона” аз маҳаллаҳои камбағалони Мумбай ба саҳнаи Ҳолливуд роҳ ёфта буд, дар як филми нав ҳамроҳ бо ситораи синамои Амрико Энтонӣ Ҳопкинс ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Рубина Алӣ Қурайшии 13-сола дар филми “Хонуми Лорд Овен” ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Филм қиссаи ишқи як ашрафзода аз кишвари Уэлс бо як хонуми аз Ҳиндустон аст, ки наворгирии он моҳи сентябр дар Британия ва Ҳиндустон оғоз меёбад.

Соли 2008-ум сокини вайронаҳои Мумбай Рубина дар филми “Миллионер аз вайрона”, нақши Латика дар хурдсолиашро офарида буд. Ин филм ба гирифтани ҳашт ҷоизаи Оскар дар соли 2009-ум муваффақ гашту ба ҳайси яке аз ситораҳои асосӣ Рубина ба маросими тақдими Оскар даъват шуд.

Вале ин шӯҳрат ба Рубина бо нархи гарон расид. Ибтидо хешовандонаш ҳангоми тақсими ҳаққу заҳмат аз филм бо ҳам сар ба сар шуданд. Сипас бар асари як сӯхтор кулбаи оилаи Рубина дар вайронаҳои Мумбай аз байн рафт. Аммо ба шарофати пули аз филм дарёфтнамуда, Рубина соҳиби манзиле дар минтақаи беҳтари ин шаҳр гардид.

Дар филим нав Рубина ҳамроҳ бо барандаи ҷоизаи Оскар-ҳунарманди амрикоӣ Этонӣ Ҳопкинс ва ситораи британиявии регбӣ Гавин Ҳенсон ҳунарнамоӣ хоҳад кард ва коргардонҳои он пешакӣ гуфтаанд, ки Рубина барои офаридани нақшаш 20 000 фунт стерлинг ё худ 31 000 доллари амрикоӣ ба даст хоҳад овард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG