Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Кохи раёсатҷумҳурии Сомалӣ


Бино ба хабарҳои расида аз Сомалӣ, бар асари таркиш дар дохили Кохи раёсатҷумҳурии ин кишвари африқоӣ дар пойтахт- шаҳри Могадишу дастикам 3 нафар кушта шудаанд. Иллати таркиш рӯшан нест ва касе ҳам т о ҳол масъулияташро ба ӯҳда нагирифтааст. Маҳалли будубоши раисиҷумҳури Сомалӣ Шариф Шайх Аҳмад баъди таркиш ҳам ҳанӯз маълум нест. Ал-Шабоб, як гурӯҳи марбут ба Ал-Қоида чанд сол боз алайҳи давлати Сомалӣ, ки таҳти ҳимояти Ғарб қарор дорад, меҷангад. Аз давлати Шариф нирӯи 10 000-нафарии ҳомии сулҳи Иттиҳоди давлатҳои Африқо низ ҳимоят мекунад.
XS
SM
MD
LG