Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти тарафдорони шаҳрдори Ӯш


Ҳудуди 1500 нафар дар шаҳри Ӯши Қирғизистон ба ҳимоят аз ҳизби Улуттар Биримдигии шаҳрдор Мелис Мирзоаҳмадов тазоҳурот кардаанд. Ба ақидаи онҳо, аксари курсиҳо дар маҷлиси шаҳриро дар интихоботи 4 март ҳамин ҳизб ба даст овард. Аммо бар асоси шумориши расмӣ, ҳизби Мирзоаҳмадов соҳиби танҳо 21 курсӣ аз 45 курсии маҷлиси Ӯш шудааст. Ӯш дар тобистони соли 2010 маркази даргириҳои қавмӣ байни қирғизҳову узбакҳо буд, ки ҳудуди 450 кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG