Пайвандҳои дастрасӣ

Дастикам 9 кушта дар таркишҳои Қандаҳор


Имрӯз бар асари ду таркиш дар вилояти Қандаҳори Афғонистон дастикам 9 нафар кушта шуданд. Бино ба хабарҳо, 8 нафар дар инфиҷори бомби канори роҳ дар улусволии Марҷо ҷон бохтаанд. Мақомот Толибонро омили ин ҳамла медонанд.
Дар як таркиши дигар дар шаҳри Қандаҳор як афсари амниятӣ кушта ва ду тани дигар захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG