Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дифоъи Амрико Леон Панетта имрӯз дар вилояти Ҳилманди Афғонистон сӯзондани “Қуръон” ва қатли 16 афғони мулкӣ аз сӯи сарбози амрикоиро рӯйдодҳои “амиқан изтиробангез”-е номид, ки талошҳои ҷомиаи байналмилалӣ дар Афғонистонро ба чолиш мекашонанд. Панетта баландпоятарин мақоми Амрикост, ки дар пайи ин фоҷиаи рӯзи якшанбе аз Афғонистон боздид мекунад. Ӯ ба асокири амрикоӣ дар Ҳилманд гуфт, пешрафти нирӯҳои НАТО ва Афғонистон идома дорад, вале онҳо бояд боз ҳам ба шикаст додани Ал-Қоида ва фурӯ нишондани муқовимати Толибон тамаркуз кунанд. Панетта бо раҳбарони вилояти Ҳилманд дидор дошт ва қарор аст, бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай низ мулоқот кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG