Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи коргоҳи бомбсозӣ дар шаҳри Налчик


Пулиси Русия мегӯяд, мақомоти амниятӣ дар шаҳри Налчик – маркази ҷумҳурии мухтори Кабардаву Балқар – як коргоҳи тавлиди маводи мунфаҷираро ошкор кардаанд. ФСБ гуфт, аз ин коргоҳ 9 бомби омода ва ашёи дигари лозим барои сохтани маводи мунфаҷира кашф шудааст. Ин амалиёт ҳамагӣ 2рӯз баъд аз амалиётест, ки ба гуфтаи мақомот, мунҷар ба ҳалокати 5 ҷангӣ ва як зани шарики онҳо дар Кабардаву Балқар шуд. Даргириҳо байни ҷангиёни исломӣ ва нирӯҳои амниятӣ дар Қафқози шимолӣ ҳарсол даҳҳо кушта ба ҷо мегузоранд.
XS
SM
MD
LG