Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Аҳмадинажод аз кобинааш дар парлумон


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар парлумон аз шеваи раҳбариаш дифоъ кард. Аз замони инқилоби исломии соли 1979 Аҳмадинажод нахустин раисиҷумҳурест, ки дар иҷлоси Маҷлиси Шӯрои исломӣ ҳозир шуд. Ӯро вакилони норозӣ аз шеваи расидагии давлат ба масоили сиёсиву иқтисодӣ ба парлумон хостанд. Аҳмадинажод гуфт, агар ба давлати ӯ “камтар аз 100 дарсад баҳо диҳанд, ноодилона ва буздилист.”
Аммо Аҳмадинажод аз посух ба суолҳои вакилоне, ки ӯро ба маҳзи мизони баланди таваррум ва камбуди садоқат ба раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ айбдор мекарданд, сарфи назар кард. Замони раёсати Аҳмадинажод соли оянда ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG