Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дафтари матбуоти ҳукумати Кишвари Олтойи Русия мегӯяд, ин минтақа мумкин аст, фурӯши ордро ба Тоҷикистон шурӯъ кунад.

Ба иттилои ин манбаъ, алҳол ширкатҳои коркарди ғалла аз Кишвари Олтойи Русия бо тоҷирони орди Тоҷикистон шартҳои ояндаи додугирифтро гуфтушунид доранд. Музокирот дар чаҳорчӯби сафари як ҳайати иқтисодию тиҷоратии Кишвари Олтой ба Тоҷикистон баргузор шудааст.

Маркази матбуот таъкид кардааст, ки дар тафовут бо бисёре аз кишварҳои дигар Тоҷикистон омодааст, на орди навъи олӣ, балки навъи якумро харидорӣ кунад. Раиси ширкати ғалладонаи “Суғд”-и Тоҷикистон Фарҳод Қурбонов инро “махсусияти фарҳанги истеъмол” дар кишвари худ номидааст. Нон ва чой аз ғизои асосии бахши аъзами аҳолии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Худи Тоҷикистон солона то 700 000 тонна орд истеҳсол мекунад, вале гуфта мешавад, сифати он ба гунаест, ки бе омезиш бо орди анвои дигар аз Русия ё Қазоқистон аз нон намешавад, нони хуб таҳия кард.

Эҳтимоли имзо шудани созишномаҳои нав дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз харидорони асосии орди Қазоқистон буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG