Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз мадраса то донишгоҳи исломӣ


Даромадгоҳи Донишкадаи исломии Тоҷикистон.
Даромадгоҳи Донишкадаи исломии Тоҷикистон.

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба донишгоҳ табдил хоҳад ёфт.

Умаралӣ Назарзода, ректори донишкадаи исломӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, оинномаи донишгоҳро Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, акнун теъдоди факултаҳои донишгоҳ зиёд ва дар назди он магистратура низ фаъол хоҳад шуд. Оқои Умарзода гуфт, то такмил шудани сохтори донишгоҳ, сохтори донишкада фаъолият хоҳад кард. Донишкадаи исломӣ панҷ сол пеш ташкил шуда буд.

Аммо ин муассиса то ин, ки ба пояи як Донишгоҳи давлатии исломӣ бирасад, роҳи тӯлониеро ҳам тай намудааст, ки оғози он ба даврони фурӯпошии Шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон рост меояд.

ҲОҶӢ АКБАР ТӮРАҶОНЗОДА, қозии собиқи мусулмонҳои Тоҷикистон, гуфта буд, ин донишгоҳро ҳанӯз дар соли 1990, замоне ки раҳбарии Идораи муфтиёт ё қозиёти кишварро бар дӯш дошт, таъсис додааст. Ба гуфтаи ҷаноби Тӯраҷонзода, он замон раҳбарии ин донишгоҳро бародараш, рӯҳонии маъруф ЭШОНИ НУРИДДИН, ӯҳда мекард. "Донишкада моҳи сентябри соли 1991 ба кор шурӯъ кард. Дар расми ифтитоҳи он имоми масҷиди Байтуллоҳ, муовини вазири умури хориҷаи вақти Эрон, уламои зиёде аз Покистон ва мансабдорони давлатӣ ҳузур доштанд. Синфхонаҳо аввал дар дохили бинои қозиёт буд",-афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки дар бисёре аз санадҳои расмӣ соли таъсиси Донишкадаи исломии дар гузашта ба номи Имом Тирмизӣ ва ҳоло ба номи Имоми Аъзам 1997 навишта шудааст.

Аммо СУЛАЙМОН ДАВЛАТОВ, масъули бахши равобити хориҷии Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, роҷеъ ба замони таъсиси ин донишгоҳ чунин гуфт: “Ба шакли расмӣ дар соли 1990 дар назди идораи динии мусулмонони Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Пас аз ҳодисаҳое, ки дар кишвар сурат гирифтанд, муассисаи таълимӣ ба шакли ташкилоти ҷамъитяӣ фаъолият мекард.”

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҳам, ки аз рӯзҳои аввали таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ёдоварӣ мекард, гуфт, бинои кунунии ин муассисаи таълимиро, ки дар гузашта сохтмони ниматамоми як боғчаи бачагона будааст, ба қимати 265 ҳазор доллар аз шаҳрдории вақти Душанбе харидорӣ ва онро дар моҳи сентябри соли 1992 ба истифода додааст. Дар соли нахустини таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 1 ҳазору 200 нафар ба он шомил шудаанд, ки 800 нафари онҳо ҷавонмардону наздики чаҳорсад тани дигар духтарон будаанд.

Донишкадаи исломӣ, ки то соли 2007 ба унвони муассисаи мустақили таълими дини ислом фаъолият мекард ва аз кӯмакҳои молии кишвару созмонҳои исломӣ, аз ҷумла Бонки исломӣ бархӯрдор буд, бо қарори ҳукумат ба ихтиёри Вазорати маорифи Тоҷикистон гузашт ва ба як муассисаи таълимии давлатӣ табдил шуд. Масъулони Вазорати маориф мегӯянд, муҳассилини ин донишкада дар баробари омӯзиши Қуръону ҳадис ва таърихи дини мубини Ислом бояд аз фанҳои муҳим, аз ҷумла адабиёту фалсафа ва ҳам забонҳои хориҷӣ баҳравар шаванд, то ба унвони як кадри баландихтисос тарбият ёбанд, на ин ки ба унвони як мулло.

Сулаймон Давлатов, масъули равобити хориҷии Донишгоҳи давлатии исломӣ ҳам мегӯяд, ба ихтиёри Вазорати маориф гузаштани ин муассисаи таълими динӣ ба хатмкунандагони он имкон додааст, ки пас аз адои таҳсил ба идораҳои мухталифи давлатӣ ва ё ғайриҳукуматӣ роҳ ёбанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, то соли 2007 ҳарчанд фориғуттаҳсилони ин донишкада соҳиби диплом мешуданд, вале дипломашон ба дард намехӯрд. Яъне, онҳо дипломеро мегирифтанд, ки Вазорати маориф онро эътироф намекард.

Вале тақдири садҳо нафар ҷавон, ки то соли 2007 дар Донишкадаи собиқи исломии ба номи ИМОМ ТИРМИЗӢ таҳсил карда ва соҳиби диплом шудаанд, чӣ хоҳад шуд?

Масъули бахши равобити хориҷии Донишгоҳи исломии Тоҷикистон мегӯяд, онҳо роҷеъ ба ин масъала бояд ба Вазорати маориф муроҷиат ва ҳамин тавр мушкили худро бо мақомоти ин ниҳод ҳал бикунанд. Бо ин вуҷуд, ҳоло дар Донишкадаи давлатии исломии Тоҷикистон наздики ҳазору чаҳорсад нафар таҳсили худро идома медиҳанд, ки иддае аз онҳо аз тариқи шартнома ва иддае дигар ҳам аз тариқи буҷавӣ ба он ҷо роҳ ёфтаанд.

Шартномаи таҳсил дар Донишкадаи исломӣ, ки шояд барои аксарият аз донишгоҳҳои камхаридори кишвар ба ҳисоб меояд, то чаҳор ҳазор сомонӣ, муодили бештар аз 800 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Бо ин ҳама масъулони ин донишгоҳ мегӯянд, майли ҷавонони кишвар, бахусус духтарон барои таҳсил дар ин донишгоҳ дар чанд соли ахир афзудааст. Ҳамакнун ба гуфтаи масъулон, дар ин донишгоҳ каме бештар аз 200 духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Бо ин ҳол, бархе аз соҳибназарони тоҷик мегӯянд, Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо вуҷуди он ки зери қаноти давлат қарор дорад, вале то ҳанӯз тавони тарбияи мутахассисони комили динӣ ва дунявиро надорад.

Соли гузашта давлати Тоҷикистон ҳам қарор содир кард, ки бар пояи он таҳсили ҷавонҳои тоҷик дар мадориси динии кишварҳои исломӣ танҳо пас аз хатми таҳсил дар Донишкадаи исломии кишвар ва дарёфти иҷозаи хаттӣ аз Вазорати маорифу Кумитаи дин имконпазир хоҳад шуд.

Қароре, ки интизор меравад Донишкадаи исломиро дар солҳои наздик ба яке аз донишгоҳҳои серхаридор дар Тоҷикистон табдил диҳад. Зеро аксари волидоне, ки намехоҳанд бо мақомоти интзомӣ вориди мушкил бишаванд, ҳатман фарзандони худро ба Донишкадаи давлатии исломӣ оварда ва аз он ҷо ба мадориси динии кишварҳои исломӣ интиқол хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG