Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар нишасти Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ки рӯзи 19-уми март баргузор мешавад, ба Маскав хоҳад рафт. Созишномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё 10-уми октябри соли 2000 дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона ба тасвиб расида буд. Ин созмон 6 кишвари пасошӯравӣ – Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистону Тоҷикистонро муттаҳид мекунад.
Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон алакай шоми ҳамон рӯз ба Душанбе баргардад. Рӯзи 20 март ӯ дар Душанбе дар расми гушоиши бинои нави Китобхонаи миллӣ ширкат карда, мулоқоти анъанавии пешазнаврӯзиаш бо зиёиёнро доир мекунад.
XS
SM
MD
LG