Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА нерӯҳояшро қабл аз вақт берун карданӣ нест


Барак Обама

Барак Обама

ИМА бо вуҷуди фоҷиа дар Қандаҳор ба раванди ихроҷи нерӯҳояш аз Афғонистон суръат бахшиданӣ нест. Ахиран намояндаи Кохи Сафед хабари нашрияи New York Times дар бораи соли оянда ба таври иловагӣ аз Афғонистон берун кардани 20 ҳазор афсару сарбозро рад кард.

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дирӯз изҳор намуд, ки куштори 16 сокини осоиштаи рустоҳои Қандаҳор аз сӯи сарбози амрикоӣ баёнгари муносибати низомиёни амрикоӣ ба мардуми афғон нест. Ӯ даъват намуд, ки ин фоҷиа ҳарчӣ сареътар тафтиш шавад.Ба гуфтаи Обама, хуруҷи нерӯҳо бар поияи ҷадвали қаблан пазируфташуда, яъне то поёни соли 2014, сурат мегирад.

Ахиран Леон Панетта, вазири дифои ИМА, низ гуфт, ки барои тағйири стратегия ва хуруҷи нерӯҳо ягон сабаб мавҷуд нест.

Дар шаҳри Ҷалолобод рӯзи сешанбе садҳо донишҷӯён алайҳи куштори мардуми осоиштаи Қандаҳор намоиши эътирозӣ доир карданд. Онҳо шиорҳои зиддиамрикоӣ мезаданд ва талаб мекарданд, ки мурофиаи додгоҳии сарбози қотил дар пеши чашми мардум сурат бигирад.

Бомдоди якшанбе як сарбози амрикоӣ дар ду рустои Қандаҳор 16 нафар, аз ҷумла, 9 кӯдакро ҳадафи тир қарор дод.
XS
SM
MD
LG