Пайвандҳои дастрасӣ

Дар суқути чархбол ду сарнишин ба ҳалокат расиданд


Дар вилояти Твери Русия бар асари суқути чархболи низомии КА-52 ду сарнишин ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои вазорати дифои Русия, робита бо ду сарнишини чархбол, ки аз рӯи нақша тамрин мекарданд, шоми душанбе қатъ шуд. Чархболро гурӯҳҳои наҷотбахшӣ баъд аз зӯҳри дирӯз дар 10 километрии фурудгоҳи “Торжок” ошкор карданд.

Тафтиши сабабҳои суқути чархбол шурӯъ шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG