Пайвандҳои дастрасӣ

Санторум дар Миссисипӣ ва Алабама пирӯз шуд


Рик Санторум

Рик Санторум

Дар ду аёлати Амрико – Миссисипӣ ва Алабама имрӯз праймериз ё интихоботи муқаддамотии довталабони ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон баргузор шуд.

Ҳадс зада мешуд, ки мубориза асосан миёни ду номзад – волии пешини Массачусетс Митт Ромнӣ ва раиси пешини Маҷлиси намояндагон Нют Гингрич сурат мегирад. Ва аммо, бар пояи иттилои муқаддамотӣ, дар ҳарду аёлат Рик Санторум бештари раъйҳоро соҳиб шудааст.

Номзад ба мақоми раисиҷумҳур аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон расман моҳи август пешбарӣ мешавад. Номзади ҳизб дар интихоботи моҳи ноябр бо Барак Обама вориди рақобат хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG