Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод ба пурсишҳои Маҷлиси Эрон посух медиҳад


Маҳмуди Аҳмадинажод

Маҳмуди Аҳмадинажод

Имрӯз Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, бояд тайи як соат ба даҳ суоли вакилони Маҷлис посух диҳад. Суолҳо ба сиёсати иқтисодии ҳукумат, чанд тасмими кадрӣ ва дигар дигар масоил марбутанд.

Барои нахустин бор дар таърихи ҷумҳурии исломӣ раисиҷумҳур барои посухгӯӣ ба суолҳо ба парлумон даъват мешавад. Шореҳон мегӯянд, ки даъват ба Маҷлис – паёмади мухолифати Маҳмуди Аҳмадинажод бо ҷонибдорони раҳбари аъзами Эрон оятуллоҳ Алии Хоманей мебошад.
XS
SM
MD
LG