Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 сарбози яманӣ дар як ҳамлаи маргталабона


Дар Яман бар асари як ҳамлаи маргталабона ба постгоҳи низомӣ чаҳор сарбоз ба ҳалокат расида, чаҳор тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи расмӣ, маргталаб мошини худро ба постгоҳи воқеъ дар шаҳри Байда задааст. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Ансор-аш-Шария” бар дӯш гирифт.

Баъд аз ваъдаи раисиҷумҳури нави Яман Абдраббу Мансур Ҳодӣ барои ташдиди мубориза бо ифротгароӣ дар бархе аз манотиқи кишвар мусаллаҳони наздик бо шабакаи “Ал-Қоида” фаъол шудаанд.
XS
SM
MD
LG