Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Ба иттилои марказҳои ҳавошиносӣ, имрӯз ҳавои шаҳри Душанбе абрист, каму беш борон меборад, то 9 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳри Хуҷанд низ ҳамин гуна ҳаво пешбинӣ шудааст, ҳарорати ҳаво то 10 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа баъд аз зӯҳр ҳаво софу беғубор ва то 13 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳри Хоруғ рӯзона каму беш борон ва аммо шомгоҳн барф меборад, ҳаво то 2 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар аксар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ имрӯз ҳавои абрӣ дар назар аст, дар водии Ҳисор борон ва дар манотиқи шарқии Тоҷикистон, аз ҷумла, Рашту Тавилдара, барф меборад, ҳарорати ҳаво дар баъзе мавзеъҳо то 5-6 дараҷа сард мешавад.
XS
SM
MD
LG