Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико дар пайи тамдиди иҷораи Манас


Леон Панетта, вазири дифоъи Амрико, бо раҳбарони Қирғизистон масъалаи идомаи истифода аз пойгоҳи низомии Манас дар Бишкекро баррасӣ кардааст. Як ҳамроҳи Леон Панетта ба хабарнигорон гуфтааст, Амрико умедвор аст, барои истифодаи дарозмуддати фурудгоҳи Манас ризояти ҳукумати Қирғизистонро ба даст меорад. Замони иҷораи пойгоҳи Манас аз тарафи Амрико соли 2014 ба поён мерасад. Бусурмонқул Таболдиев, дабири Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон ба Леон Панетта гуфтааст, кишвараш омода аст, Манасро барои ҳадафҳои ғайринизомӣ дар ихтиёри Амрико гузорад ва баъди соли 2014 аз пойгоҳ набояд барои ҳадафҳои низомӣ истифода шавад.
XS
SM
MD
LG