Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрдории Душанбе вазъи роҳу ҷодаҳо ва тармиму таъмири онҳоро баррасӣ кард.

Дар ҷаласаи густардаи кормандони шаҳрдории Душанбе ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии пойтахти Тоҷикистон бо ширкати 2500 нафар вазъи феълии шаҳр ва тарҳи чораҳои беҳбуди ояндаи он баррасӣ шуд.

Бино ба хабари торнамои шаҳри Душанбе раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев саҳми ниҳодҳои шаҳрдорӣ ва сокинони пойтахтро дар маъракаи поккорӣ ва сабзгардонии хиёбону ҷодаҳо таъкид ва барои ин аз онҳо сипосгузорӣ кард.

Аммо мавзӯи асосии нишаст тармиму таъмири роҳҳои ҳудуди шаҳр буд, ки дар фасли сармо вайрон гаштаанд. Раиси шаҳр гуфтааст, ин равандро зери назар дорад ва талаб мекунад, ки тармими роҳҳо бо сифати баланд ҷараён гирад.

Дар ҷаласа зикр гашт, ки соли ҷорӣ аз буҷаи шаҳр барои азнавсозии 16 кӯчаи Душанбе беш аз 220 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, қарор аст, сармояҳои хусусӣ низ ба ин барномаҳо ҷалб гардад. Ин бахше аз барномаи умумиест, ки бино бар он солҳои 2012 – 2015 “Солҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо дар шаҳр” эълон шудааст. Қарор аст, наздик ба 38 километр роҳ дар ноҳияи Сино, 23 километр дар Шоҳмансур, 16 километр роҳ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ҳамин миқдор дар ноҳияи ба номи Исмоили Сомонӣ таъмир шаванд.

Дар торнамои шаҳрдории Душанбе омадааст: “Бояд тазаккур дод, ки ин миқдор таъмири ҷории роҳҳо ҳамаи роҳҳои харобгардидаи ноҳияҳоро фаро намегирад ва масоҳати боқимондаи онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳияҳо таъмир карда мешаванд.”

Ин дар ҳолест, ки ронандагон ва сокинони шаҳр аз вазъи роҳу ҷодаҳои Душанбе шикоят мекунанд ва мегӯянд, бахши умаде аз сармоягузории тармими роҳҳо рабуда мешавад. Намунае аз ин назарҳо ва манзараҳоеро аз вазъи роҳу кӯчаҳои Душанберо дар ин навори видeо бубинед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG