Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панетта дар Бишкек доир ба "Манас" сӯҳбат мекунад


Леон Панетта, вазири дифоъи Амрико, масъалаи идомаи истифодаи нерӯгоҳи Манас дар Қирғизистонро бо мақомоти Бишкек баррасӣ хоҳад кард. Леон Панетта дар ҳоле ба Қирғизистон сафар мекунад, ки мақомоти кишвараш масъалаи тамдиди ҳузури нерӯҳои Амрико дар Афғонистон баъди соли 2014-ро баррасӣ мекунанд. Дар чунин сурат, нерӯҳои Амрико ҳамчунон ба пойгоҳи Манас низ ниёз хоҳанд дошт, ки мӯҳлати иҷораи он соли 2014 ба поён мерасад. Леон Панетта ба хабарнигорон гуфтааст, бо мақомоти Қирғизистон доир ба “аҳамияти” Манас ва “зарурати идомаи ҳамкориҳо дар оянда” сӯҳбат хоҳад кард. Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон хостааст, то баъди хотимаи мӯҳлати иҷора дар соли 2014 созишнома дар мавриди Манас тағйир дода шавад. Амрико дар ин пойгоҳи ҳавоӣ 1500 сарбоз дорад.
XS
SM
MD
LG