Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия мегӯяд, ба Эрон S-300 намефурӯшад


Як мақоми расмии Русия гуфт, кишвараш ҳеҷ нияти фурӯхтани системаи зиддимушакии S-300 ба Эронро надорад. Анатолий Антонов, муовини вазири дифоъи Русия, таҳримоти Шӯрои Амнияти Созмони Милал намегузорад, ки ин системаи пешрафта ба Эрон фурӯхта шавад. S-300 яке аз тавонотарин системаи зиддимушакҳои дурбурд ва ҳавопаймо дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва Эрон солҳо боз мехост, ки ин аслиҳаро аз Русия бихарад.
XS
SM
MD
LG