Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барномаи Конфронси панҷуми иқтисодии минтақаӣ оид ба Афғонистонро бо номи RECCA эълон кард.

Ин конфронс рӯзҳои 26-27-уми март дар шаҳри Душанбе доир мешавад. То кунун 50 кишвар ва созмони байналмилалӣ омадагии худро барои ширкат эълон кардаанд. Дар конфронси 5-уми RECCA дар Душанбе, иҷрои санадҳои чаҳор Истанбул баррасӣ мешавад.

Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки конфронси панҷуми RECCA дар Душанбе бо ширкати 41 кишвари олам ва созмонҳои мухталифи байналмилалӣ доир мешавад. То кунун ҳамаи кишварҳои даъватшуда ва созмонҳои байналмилалӣ омодагии худро барои ширкат дар ин нишаст эълон кардаанд.

Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Оқои Зоҳидов, роҷеъ ба ҳадафи баргузории конфронси панҷуми RECCA дар Душанбе гуфт: «Ширкаткунандагони Конфронси панҷум имкон хоҳанд дошт, ки ҷараёни иҷрои тааҳуддоти Конфронси чоруми Истамбулро баррасӣ, авлавияти ҳамкориҳоро мушаххас, тарҳҳои аҳамияти минтақаӣ доштаро таъйид ва тавсияҳои мушаххасро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ба манзури рушди Афғонистон ва минтақа таҳия ва пешниҳод кунанд.»

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ки таваҷҷуҳи аслӣ зимни ин нишаст, ба тарҳҳои мушаххаси минтақаӣ хоҳад шуд. Тарҳҳое, ки барои ҳамкориҳои дарозмуддат ва устувори минтақаӣ ва рушди нерӯи инсонӣ дар Афғонистон замина мегузоранд. Дар ҳошияи нишасти панҷуми RECCA дар Душанбе, инчунин баргузории форуми иқтисодӣ ба манзури ҷалби сармоя барои иҷрои тарҳҳои минтақаӣ низ дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони умури минтақа мегӯянд, ки ҳадаф аз конфронси RECCA умдатан мутаодил ва ҳамгун сохтани манфиати кишварҳои минтақа бо ҳам аст. Абдуғаффури Орзу (аз тарафи рост), сафири Афғонистон дар Тоҷикистон

Абдуғаффури Орзу (аз тарафи рост), сафири Афғонистон дар Тоҷикистон

Абдулғаффори Орзу, сафири Афғонистон дар Душанбе мегӯяд, агар кишварҳои минтақа тавассути ҳамоҳанг сохтани манфиатҳои миллии худ ва иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ битавонанд ҳамгироии бештаре пайдо кунанд, ин ҳамгироӣ монеъ аз сар задани бесуботӣ ва нооромиҳо дар минтақа хоҳад шуд.

Ӯ мегӯяд: «Агар манофеъи кишварҳои минтақа бо ҳам гиреҳ бихӯрад, як пакеҷ дуруст бишавад, дар он сурат мо метавонем бо ҳамгироӣ бо ҳамдигар дар баробари ҳамаи ноҳинҷориҳо мубориза кунем. Дар баробари экстремизм, фундаментализм ва мафияи маводи мухаддир ба роҳатӣ мубориза барем. Конфронси RECCA пас ин манфиатҳоро ба ҳам ошно ва қарин мекунад.»

Аммо суоли дигар ин аст, ки то куҷо конфронсҳои гузашта муваффақ буда ва барномаҳои он иҷро шудааст ва оё аз конфронси Душанбе натиҷаи муассиреро метавон умедвор шуд?

Исмоил Раҳматов, устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон ва коршиноси масоили Афғонистон мегӯяд, ширкати раиси ҷумҳури Покистон дар ин нишаст барои муваффақ шудани хеле аз тарҳҳои он ӯро хушбин мекунад. Аммо бидуни ҳалли масоили сиёсӣ, расидан ба иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ мушкил хоҳад буд. Вале масъалаи дигар ин аст, ки шояд дар воқеъ калиди ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, ҳамоҳанг сохтани манфиатҳои иқтисодӣ бошад.

Оқои Раҳматов мегӯяд: «Дар тӯли 30 соли гузашта ҳудуди 1000 конфронси сиёсӣ роҷеъ ба Афғонистон доир шуд. Аммо ягон натиҷа дуруст надоданд. Бинобар ин шояд ба ҳалли масъала аз нигоҳи иқтисодӣ наздик шуд, то натиҷа диҳад. Зеро вақте давлатҳо аз назари иқтисодӣ ба ҳам наздик шуданд ва манфиат диданд, аз назари сиёсӣ ҳам барои ҳалли масъала талош хоҳанд кард. Яъне аз роҳи сиёсӣ, ки ҳал нашуд, шояд аз роҳи иқтисодӣ ҳал шавад.»

Дар конфронси рӯзи 26 ва 27 ширкати раисони ҷумҳуриҳои Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон то кунун тайид шудааст. Имкон дорад, раисони ҷумҳуриҳои дигаре ҳам, ки дар Навруӯи байналмилалии Душанбе ширкат мекунанд, дар конфронси панҷуми RECCA ширкат ва суханронӣ кунанд. Ҳайатҳои кишварҳои дигарро вазирони умури хориҷа ва ё муовинони онҳо раҳбарӣ хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG