Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Регар-ТадАЗ” - барандаи Ҷоми Федератсияи футбол


Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода барандаи Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) гардид.

Футболбозони шаҳри Турсунзода дар бозии ниҳоӣ, ки имрӯз, 13-уми март дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, бар дастаи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

Ба дасти ғолиб - “Регар-ТадАЗ” Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор сомонӣ супурда шуд. Тими “Хайр” барои ҷойи дувум 15 ҳазор сомонӣ гирифт.

Қабл аз бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи “Автомобилист” тимҳои ССКА "Помир"-и Душанбе ва "Равшан"-и Кӯлоб барои ҷои севум мубориза бурданд. Бозӣ бо ғалабаи низомиёни Душанбе бо ҳисоби 2:1 поён ёфт. Дастаи ССКА “Помир” бо 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гашт.

Натоиҷи бозиҳои Ҷоми ФФТ-2012:

Даври 1-ум
5-уми март (душанбе)

«Равшан» - «Шодмон» - 3:0
ССКА «Помир» - «Вахш» - 0:0
«Гвардия» - «Хайр» - 4:3
6-уми март (сешанбе)
«Қайроққум» - «Регар-ТадАЗ» - 0:3

Даври 2-юм
7-уми март (чоршанбе)

«Хайр» - «Равшан» - 1:0
«Шодмон» - «Гвардия» - 2:1
«Регар-ТадАЗ» - ССКА «Помир» - 4:2
«Вахш» - «Қайроққум» - 3:1

Даври 3-юм
9-уми март (ҷумъа)

«Гвардия» - «Равшан» - 1:3
«Хайр» - «Шодмон» - 4:1
«Қайроққум» - ССКА «Помир» - 1:3
«Регар-ТадАЗ» - «Вахш» - 2:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвал:

Гурӯҳи “А”
Б Ғ М Б Т И
1. “Хайр” 3 2 0 1 8-5 6
2. “Равшан” 3 2 0 1 6-2 6
3. “Шодмон” 3 1 0 2 3-8 3
4. “Гвардия” 3 1 0 2 6-8 3

Гурӯҳи “В”
Б Ғ М Б Т И
1. “Регар-ТадАЗ” 3 3 0 0 9-2 9
2. ССКА “Помир” 3 1 1 1 5-5 4
3. “Вахш” 3 1 1 1 3-3 4
4. “Қайроққум” 3 0 0 3 2-9 0

Даври ниманиҳоӣ
11-уми март (якшанбе)


“Хайр” - ССКА “Помир” - 0:0 ( аз рӯи пенолти 6:5)
“Регар-ТадАЗ”- “Равшан” - 4:0

13-уми март (сешанбе)
Бозӣ барои ҷойи 3-юм - ССКА “Помир” -“Равшан” - 2:1
Бозии ниҳоӣ - “Хайр” - “Регар-ТадАЗ” - 0:1
XS
SM
MD
LG