Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрону Озарбойҷон мегӯянд, ҳамсояҳои хуб мемонанд


Дар ҷараёни рӯзи дуввуми боздиди Сафар Абиев, вазири дифоъи Озарбойҷон аз Эрон ду кишвар ваъда доданд, ки ба ҳайси ду ҳамсояи хуб ҳамкориро идома хоҳанд дод. Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, “Муносиботи Теҳрону Боку ҳеҷ гоҳ латмае нахоҳад дид”. Рӯзе пештар аз ин Сафар Абиев, гуфт, Озарбойҷон ҳеҷ гоҳ иҷоза нахоҳад дод, то қаламравашро барои ҳамла ба Эрон истифода кунанд. Муносиботи Эрону Озарбойҷон як моҳ пеш баъд аз он тира шуд, зеро гузориш расид, Озарбойҷон бо арзиши 1 миллиарду 600 миллион доллар аз Исроил аслиҳа харидааст. Моҳи феврал Эрон Озарбойҷонро муттаҳам кард, ҷосусони исроилиро ба қаламраваш роҳ медиҳад ва Озарбойҷон чанд нафарро боздошт кард, ки гӯё аз Эрон дастур гирифта мехостанд, дар Озарбойҷон ҳамла анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG