Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Salamworld – фейсбуки “ҳалол” барои мусулмонон?


Ширкате бо номи Salamworld мехоҳад, тобистони имсол шабакаи иҷтимоии мусулмонони ҷаҳонро таъсис диҳад.

Шабакаи нави иҷтимоии Salamworld, ба гуфтаи бунёдгузори он Абдулвоҳид Ниёзов, аз Facebook фарқи зиёд хоҳад дошт, зеро исломӣ ва ҳалол хоҳад буд. Акси занони урён, суханони ангезанда ва шиорҳои зиддиисломӣ ба он роҳ нахоҳанд ёфт. “Мӯҳтавое, ки дар дигар шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мешавад, амн нест ва пур аз ҳаром аст. Ва мо намехоҳем, ин ҳама андешаҳои номақбул ба зеҳни ҷавонони мо роҳ ёбад,” -- гуфтааст ҷаноби Ниёзов ба хабарнигорон.

Аммо ин ташаббус пурсишҳоеро ба миён овардааст, ки сонсури шабака то куҷо ба муваффақияти он зарба хоҳад зад ва то куҷо дунёи ҷавонон ба ончӣ Salamworld пешниҳод хоҳад кард, созгору ҳамоҳанг хоҳад буд. Барои намуна, ширкати Google дар як гузоришаш дар поёни соли гузашта навишта буд, ки бештарин шумораи истифодаи калидвожаи "sex" дар миёни тамоми ҷустуҷӯҳо аз кишвари Покистон омадааст.

Дар вокуниш ба ин, блогнависи машҳури қатарӣ Умар Чатривала мегӯяд, “дар ниҳояти кор чиро хостану нахостан ба худи ҷавонон марбут мешавад, на ба онҳое, ки мехоҳанд, аз арзишҳои суннатӣ ва маҳзабӣ ҳимоят кунанд.” Ҳамзамон дар шабакаи Facebook метавон дид, ки садҳо гурӯҳи бозу бастаи мусулмонон таъсис ёфта, вале дар навори умумии он матолиби мазҳабӣ гоҳе бо аксҳои шаҳватбарангез ҳамсоягӣ мекунанд. Ин имконият низ ҳаст, ки кас битавонад, навори матолибро ба завқу хостҳои худ мутобиқ гардонад ё “поккорӣ” кунад.

Бунёдгузорони Salamworld мегӯянд, агар корбарони Facebook 800 миллион нафар бошанд, зиёда аз 300 миллион нафари онҳо мусулмонанд ва шумораи онҳо ҳар 10 сол 100 дар сад афзоиш меёбад. Шабакаи нав мехоҳад, ин корбаронро ҷалб кунад. Кори Salamworld қарор аст, дар моҳи Рамазон дар Истамбул оғоз шавад. Абдулвоҳид Ниёзов ҳоло ба кишварҳои гуногун сафар мекунад, то ҳимояти онҳоро барои шабакаи нав ба даст орад. Чеҳраҳое чун сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва раҳбари “Уламои Наҳзат-ул-Ислом”-и Индонезия Сайид Оқил Сироҷ аз ин тарҳ пуштибонӣ кардаанд.

Аднон Ҳоҷизода, блогнависи маҳшури Озарбойҷон

Аднон Ҳоҷизода, блогнависи маҳшури Озарбойҷон

Аммо аз Маскав сар шудани ин раванд бархе аз мусулмонҳоро ба андеша водор кардааст. Аввалин дафтари Salamworld дар Маркази фарҳанги исломӣ дар Маскав таъсис ёфта, ҳоло чунин дафтарҳо дар Истанбул ва Қоҳира низ фаъол шудаанд. Нахустин сармоягузории иборат аз 50 миллион доллар низ дар Маскав шуд ва суолҳоеро ба робитаи Salamworld бо ҳукуматҳои пасошӯравӣ ба миён овард. Ширкат маҷбур шуд, дертар изҳороте нашр кунад ва гӯяд, ки ин пулро барояш “як соҳибкор аз Қазоқистон” хайр кардааст. Нурии Валӣ, сардабири торнамои "Afghan German Online”, ки афғонҳои ҷаҳонро ба ҳам меорад, мегӯяд, афғонҳо як “нобоварии ирсие” ба ҳар ташаббуси Исломии Маскав доранд. “Ҳамчун мусулмон ва ҳамчун афғон, ман фикр мекунам, ин тарҳ ба ҳеҷ ваҷҳ хидмат ба Ислом нахоҳад буд. Баръакс, он Исломро тахриб хоҳад кард. Бо истифода аз роҳҳое, ки мо солҳо боз мебинем, онҳо мехоҳанд, Исломро доғдор кунанд ва эътибори онро паст зананд.”

“Хари блогнавис”-и Озарбойҷон, Аднон Ҳоҷизода, ки барои танзҳои зидди ҳукумати кишвараш дар соли 2009 зиндонӣ шуд, гуфт, чандин нафар дар мавриди онҳое, ки паси тарҳи Salamworld қарор доранд, изҳори тарс кардаанд: “Ман ҳамоно бар инам, ки ин як тарҳи тиҷоратист. Вале аз баъзе мусулмонон дар Facebook шунидам, ки онҳо нақша надоранд ба Salamworld бипайванданд, зеро метарсанд, шабака барои он таъсис хоҳад ёфт, ки мусулмонони фаъолро дар бахшҳои гуногуни ҷаҳон зери назар гиранд ва аз ин иттилоъ сӯистифода кунанд. Вале ман ягон исботи ин фикрҳоро дар даст надорам.”

Ба эҳимоли зиёд, ин гумону шубҳа аз он ҷо маншаъ мегирад, ки Абдулвоҳид Ниёзов раиси Маркази фарҳанги исломӣ дар Маскав аст ва худи марказ бахше аз Шӯрои муфтиёти Русия мебошад. Шӯро дар навбати худ бо Кремл наздикии зиёд дорад. Ниёзов, миллаташ тотор дар соли 1999 аз тарафи блоки “Единство” (Ваҳдат) вакили Думаи давлатии Русия интихоб шуд. Ин блок дертар ба ҳизби “Русияи воҳид”-и Владимир Путин табдил ёфт. Ниёзов аз сӯҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ кард, аммо сухангӯи ӯ Явуз Селим Курт гуфт, Salamworld як тарҳи комилан берун аз сиёсат аст. “Мо фақат хадамотеро пешкаш мекунем ва ягон хостаи сиёсӣ надорем.”

Аҳмад Азимов, ноиб-президенти Salamworld

Аҳмад Азимов, ноиб-президенти Salamworld

Ноиб-президенти Salamworld Аҳмад Азимови доғистонӣ дар ҳукумати шаҳри Маскав муовини раиси Шӯрои умури миллатҳо ва низ узви гурӯҳи коршиносони Шӯрои муфтиёти Русия аст. Узви шӯрои Salamworld, шаҳрванди Озарбойҷон Элчин Асғаров то соли гузашта муовини раиси Кумитаи дини ин кишвар буд. Дар ин вазифа вай зидди сиёсӣ шудани Ислом фаъолият дошт. Барои намуна, баъд аз он ки Ҳизби Исломии Озарбойҷон аз раисиҷумҳур Илҳом Алиев интиқод ва ба манъи пӯшидани рӯймол дар мактабҳо мухолифат намуд, Асғаров ин ҳизб ва сарони онро дар рӯзномаи порлумонии Озарбойҷон ба “вайронкории зидди давлатдорӣ ва миллат” айбдор кард.

Ба ҳайси намояндаи Salamworld, Асғаров соли гузашта ба Эрон сафар ва бо Оятуллоҳ Носир Макорими Шерозӣ гуфтушунид намуд. Қарор аст, дафтари Salamworld ба зудӣ дар Теҳрон боз шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG