Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Леон Паннета ба Қирғизистон сафар мекунад


Леон Паннета, вазири дифоъи Амрико, ба Қирғизистон меравад ва бо мақомоти расмӣ фаъолияти нерӯҳои Амрико дар ин кишвар ва Афғонистонро баррасӣ мекунад. Намояндагони сафорати Иёлоти Муттаҳидар дар Қирғизистон гуфтанд, Леон Паннета дар роҳ ба сӯи Афғонистон дар Бишкек меистад ва бо Талайбек Омуралиев, вазири дифоъи Қирғизистон мулоқот мекунад. Гуфта мешавад, Леон Паннета бо Алмоз Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, мулоқот намекунад. Моҳе пеш Отамбоев ба намояндагони вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, баъди соли 2014 бояд ҳеҷ гуна сарбози хориҷӣ дар фурудгоҳи Манаси Бишкек намонад. Нерӯҳои Амрико фурудгоҳи Манасро ба ҳайси як пойгоҳи кӯмакӣ барои нерӯҳои худ дар Афғонистон истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG