Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имтиҳони нави довталабони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ


Довталабони унвони номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ талош доранд, то барои расидан ба ин муроди хеш дар раъйгириҳои навбатӣ шансашон беҳтар шавад. Митт Ромнӣ пешсафи рақобати дохилиҳизбӣ саъй дорад, дар раъйдиҳии вакилони ҳизб дар аёлатҳои Алабама ва Миссисипӣ, ки имрӯз баргузор мешавад, раъйи бештари аъзои Ҳизби Ҷумҳурихоҳро ба даст оварда ва рақиби аслиаш Рик Санторумро ақиб гузорад. Нют Гингрич, номзади саввум бояд дар ин ду раъйгирӣ пирӯз шавад, то дар рақобати дохилиҳизбӣ бимонад. Ҳар касе аз ин номзадҳо агар раъйи 1144 вакили Ҳизби Ҷумҳурихоҳро ба даст орад, моҳи август номзадиаш дар анҷумани умумии ҳизб гузошта мешавад. Митт Ромнӣ ҳоло раъйи бештар аз 400 вакилро ба даст овардааст. Интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико моҳи ноябр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG