Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳдудияти масҷиди "Муҳаммадия" бетағйир боқӣ монд


Масҷиди "Муҳаммадия", масҷиди мутааллиқ ба хонаводаи рӯҳониён Тӯраҷонзодаҳо дар ноҳияи Ваҳдат

Масҷиди "Муҳаммадия", масҷиди мутааллиқ ба хонаводаи рӯҳониён Тӯраҷонзодаҳо дар ноҳияи Ваҳдат

Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ваҳдат гуфтааст, ба баргузории намози ҷумъа дар масҷиди "Муҳаммадия" зарурате нест.

Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ваҳдат бо қабули як муроҷиатнома ба ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ба эҳёи намози ҷумъа дар масҷиди "Муҳаммадия" зарурате боқӣ намондааст. Аъзои ин маҷлис гуфтаанд, дар ин ноҳия чанд масҷиди дигари ҷомеъ фаъол аст, ки метавонанд тамоми намозгузоронро фаро гирад.

Ҳамзамон бо ин масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон низ рӯзи 12-уми март Вайсиддин Қурбонов, имоми масҷиди "Муҳаммадия"-ро даъват ва хабарномаашонро таслим кардаанд, ки бино бар он масҷиди мазкур ҳамчунон ба шакли масҷиди панҷвақта фаъолият хоҳад кард.

Бино бар қарори Кумитаи дин, сар аз моҳи декабри соли 2011 фаъолияти масҷиди "Муҳаммадия", воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, маҳдуд шуда, баргузории намози ҷумъа дар он манъ гардид. Мақомот гуфтанд, ин маҳдудият то се моҳ идома карда ва танҳо дар сурати рафъи камбудиҳо, дубора ба унвони масҷиди ҷомеъ фаъол хоҳад шуд.

Бо гузашти се моҳ Кумитаи дини Тоҷикистон ҳанӯз барои баргузории намози ҷумъа дар ин масҷид посухи мусбат надодааст. Ҳамон тавре Маҳмудҷон Тӯраҷонзода гуфт, дар хабарномаи Кумитаи дин таъкид шуда, ки ин ниҳод "пас аз таҳлили ҳолати бартараф шудан ё нашудани камбудҳо дар ин масҷид" хулосаи худро дар муддати як ҳафта пешниҳод хоҳад кард. Дар як номаи дигар Кумитаи дин гуфтааст, тибқи хабарҳо, дар намозҳо ба ҷои Вайсиддин Қурбонов баъзан Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин имоматӣ мекардааст, ки қобили қабул нест. Зеро ба гуфтаи онҳо, бародарон Нуриддин ва Маҳмудҷон Тӯраҷонзодаҳо, имомхатибони пешини ин масҷид, аз симматашон барканор шуда, ҳаққи имоматиро надоштанд.

Фаъолияти масҷиди "Муҳаммадия" дар пайи нашри баёнияи Шӯрои уламо ва ташриф овардани раиси ин Шӯро бо ҳамроҳии намояндагони Кумитаи дин ва масъулони ҳукумати ноҳияи Ваҳдат ба ин масҷид маҳдуд шуд. Шӯрои уламо рӯзи 6-уми декабри соли гузашта дар баёнияе, ки онро хабаргузории давлатии “Ховар” ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди “Муҳаммадия” ва нақши Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба "тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин даъвои Шӯрои уламоро рад кард ва гуфт, ёдбуди қатли набераи паёмбари Ислом дар масҷиди "Муҳаммадия" даҳ сол ба ин сӯ идома дорад ва онро наметавон маросими "Ошӯро" номид. Ӯ гуфт, изҳороте, ки аз номи Шӯрои уламо пахш шудааст, бо аъзои он ҳамоҳанг нагашта ва аз тарафи онҳо пуштибонӣ наёфтааст. Баҳси мазкур ба додгоҳ кашонида шуд. Аввал Додгоҳи шаҳри Ваҳдат бародарон Тӯраҷонзодаҳоро ба "авбошии хурд" айбдор кард ва Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баъд аз баррасии шикояти Тӯраҷонзодаҳо алайҳи раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода бо иттиҳоми таҳқир ва тақаллуби имзои аъзои Шӯрои уламо, онро бедалел донист ва Абдулқодирзода гуфт, бо даъвои зидди даъво ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG