Пайвандҳои дастрасӣ

Бозори "Фаровон" ба коми оташ рафт


Бозори "Фаровон", бузургтарин бозор дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа, шаби гузашта ба коми оташ рафтааст.

Дар пайи ин оташсӯзӣ беш аз 80 дӯкону ғурфа сӯхтаву нобуд шудааст. То ҳол иллатҳои ин сӯхтор рӯшан нест ва хисоротеро ҳам, ки ба тоҷирони бозори "Фаровон" ворид шудааст, ҳисоб накардаанд.

Аммо Абдураҳмон, як тоҷири ин бозор, ки атриёт мефурӯхт, ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, танҳо худи ӯ ҳудуди 45 ҳазор долларро дар ин оташсӯзӣ аз даст дод.

Маъмурияти бозори "Фаровон" мегӯяд, пас аз дақиқ шудани иллатҳои сӯхтор ва ҳаҷми хисорот дар мавриди тақдири соҳибкрон тасмим хоҳанд

гирифт. Як намояндаи ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, имкон дорад, дар оянда барои соҳибкорони зарардида дар бозори тозабунёди "Ҳоҷӣ Шариф" дӯконҳо ҷудо карда шавад.

Ҳабибулло Назаров, намояндаи Хадамоти отшанишонии Хатлон ба "Озодӣ" гуфт, барои хомӯш кардани ин сӯхтор, ки соати 1-и шаб рух додааст, ҳайати оташнишонӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Сарбанд, Румӣ, Бохтар ва Вахш ба Қӯрғонтеппа омадаанд. Вай гуфт, "агар сохтмони бозор мувофиқ ва роҳаш тангу дараш баста намебуд, имкон дошт, мошинҳо зудтар оташро хомӯш карда, ҳаҷми хисоротро поинтар бубаранд. Аммо оташнишонҳо асосан дастӣ ба оташнишонӣ машғул шуданд." Ба қавли Назаров, ҳоло як кумиссиюн аз ҳисоби кормандони Хадамоти оташнишонӣ ташкил шуда, ин ҳодисро таҳқиқ доранд.

Бо ин ҳол, иддае сӯхтор дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Қӯрғонтеппаро "ба ҳам расидани ноқилҳои барқ" медонанд. Ба бовари онҳо, рӯзона дар маркази вилояти Хатлон барқ нест ва шояд баъзе аз тоҷирон васоили гармидиҳии худро хомӯш накарда рафтаанд.

Бозори "Фаровон" дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа воқеъ буда, дар маҷмӯъ ҳудуди ҳазор нафар дар он ҷо кор мекард. Чунин оташсӯзӣ дар чандин бозорҳои бузурги шаҳри Душанбе, аз ҷумла "Саховат" ва "Корвон" ҳам ба вуқӯъ пайваста, ба тоҷирон ҳазорҳо доллар зиён расонидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG