Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панетта: сарбози қотилро ҳукми эъдом интизор аст


Яке аз манзилҳое, ки он ҷо куштор сурат гирифтааст
Яке аз манзилҳое, ки он ҷо куштор сурат гирифтааст
Леон Панетта, вазири дифои ИМА, изҳор намуд, сарбози амрикоие, ки чанд рӯз пеш 16 сокини як деҳаи Қандаҳорро куштааст, шояд ба эъдом маҳкум шавад. Ба гуфтаи ӯ, Пентагон талош дорад, ки ин парванда аз сӯи мақомоти адлияи низомӣ баррасӣ шавад. Бар пояи қавонини ИМА, барои ин гуна ҷиноёт ҳукми эъдом пешбинӣ шудааст.

Вазири дифои ИМА дар ташреҳи ҳодиса гуфт, ки сарбоз бомдод ба русто рафта 16 нафар, аз ҷумла, 9 кӯдакро ҳадафи тир қарор додааст ва ба пойгоҳ баргашта таслим шудааст.

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ахиран изҳор кард, ки ҳарчанд куштори сокинони осоиштаи Қандаҳор аз сӯи сарбози амрикоӣ фоҷиабор аст, он наметавонад стратегияи Вошингтонро дар баробари Афғонистон тағйир диҳад. Дар сӯҳбат бо хабарнигори шабакаи телевизионии шаҳри Орландо, аёлати Флорида, Обама гуфт, ин фоҷиа бори дигар ба зарурати сари вақт дар ихтиёри нерӯҳои амниятии Афғонистон вогузоштани таъмини амнияти кишвар таъкид мекунад.


Дар ҳамин ҳол нерӯҳои байналмиллалии зери фармондеҳии НАТО дар Афғонистон баъд аз таҳдиди Толибон барои интиқоми куштори сокинони осоиштаи як рустои Қандаҳор аз сӯи сарбози амрикоӣ ба ҳолати омодагии низомӣ даромадаанд.
XS
SM
MD
LG